24 январи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Тошканд дар доираи баргузории 26-умин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амирабдуллоҳиён мулоқот намуд.
Ҷонибҳо дар мавриди дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманди миёни ду кишвар, инчунин ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.