Сафири Тоҷикистон аз музофоти федеролии Саар боздид ба амал овард

10.02.2023 14:09

8 феврали соли 2023 cафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар доираи сафари кории худ ба музофоти федеролии Саар (Saarland) бо Сарвазири ин минтақа хонум Анке Релингер (SPD) мулоқот намуд.

Ҳамсуҳбатон роҷеъ ба мавзӯъҳои рӯзмарра дар бахшҳои иқтисоду саноат, сармоягузорӣ, иқлим, манбаъҳои неруи таҷдидпазир, фарҳанг ва маориф табодули назар карданд.

Сафири Тоҷикистон дар доираи сафар инчунин аз Донишгоҳи Саарланд (Universität des Saarlandes), ки дар пойтахти музофот шаҳри Заарбрюккен воқеъ аст, дидан кард.

Дар сӯҳбат бо роҳбарияти Донишгоҳи Саарланд таҳкими равобити байнидонишгоҳӣ бо кишвари мо ва имконияти таҳсили шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар ин донишгоҳ баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин, дипломати тоҷикистонӣ аз фаъолияти Маркази тадқиқотии Олмон оид ба зеҳни сунъӣ (Deutsche Forschungszentrum für Künstliche Intelligenz) шиносоӣ пайдо намуд.

Дар ин робита, таваҷҷуҳи ҷониби олмонӣ ба қабули Стратегияи рушди зеҳнӣ то давраи соли 2040 дар Тоҷикистон, ҳамчунин фаъолияти марказҳои таҳияи барнома ва кор дар самти зеҳни сунъӣ, ҷалб гардид.

Дар меҳвари гуфтугӯҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар бахшҳои иқтисод ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нигористон

Тақвим