6 марти соли 2023 сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо раиси вилояти Думёти ин кишвар хонум Манал Авад мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкорӣ бо ин вилояти Миср, аз ҷумла роҳандозии робитаҳои мустақим бо минтақаҳои Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Ҳамчунин доир ба роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун чун гардишгарӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ ва саноат табодули андеша сурат гирифт.