7 марти соли 2023 дар шаҳри Риёз мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пошоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо раиси Агентии рушди содироти Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Зукайр баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла роҳҳои ҳалли мушкилоти логистикӣ ва механизмҳои тавсеаи мизони тиҷорат байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардиданд.