10 марти соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин cафири навтаъйини Ҷумҳурии Чили дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Москва) Эдуардо Эскобарро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чили ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чили оид ба мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва махсус ба имзо расонида шуд.