19 марти 2023 бо ибтикори сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ брифинги муштарак роҷеъ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид 2023 бо иштироки масъулини ниҳодҳои расмии Арабистони Саудӣ, сафирон ва кормандони корпуси дипломатии муқими Риёз ва намояндагони ВАО-и кишвари иқомат баргузор гардид.
Дар брифинг сафирони Тоҷикистон ва Нидерланд, намояндаи муқими СММ ва намояндаи муқими БРСММ дар Арабистони Саудӣ дар бораи раванди тадорукот ба конфронси мазкур ва ҳадафҳои он суханронӣ карданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ ба нақши Тоҷикистон дар баргузор намудани Конфронси оби СММ 2023 таъкид карда, дар бораи аҳаммияти ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба обу беҳдошт маълумот ироа намуд.
Дар ҷарёни брифинг сафирони Тоҷикистон ва Нидерланд ва намояндаи муқими СММ дар Арабистони Саудӣ ба саволҳои намояндагони ВАО дар бораи раванди ҳамкории ҷонибҳо барои баргузории Конфронси оби СММ посух гуфтанд.