24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Олга Алгаерова мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо, натиҷаҳои Конфронси оби СММ-2023 оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва иқдомҳои муштараки минбаъда мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар навбати худ О. Алгаерова аз ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, аз талошҳои кишвари мо дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, ба вежа ҳадафҳои марбут ба об истиқбол намуд.