Муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт

31.01.2024 10:09

Муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31 марти 1995 барқарор шуданд.

23 июни соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар расман ба фаъолият шуруъ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (17-19 апрели 1995, 23-25 июни 2013 ва15-17 майи 2016) аз Давлати Кувайт боздиди расмӣ ба амал оварданд.

17 октябри 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои аъзои «Муколамаи ҳамкориҳои Осиё» ба Давлати Кувайт сафар намуданд.

Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ то имрӯз се ҷаласа (23-24 майи соли 2013, ш.Душанбе,18-19 декабри соли 2017 ш. Ал-Кувайт ва 19-22 сентябри соли 2022 ш. Душанбе) баргузор намуд.

22 ноябри соли 2014 боздиди расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз Давлати Кувайт сурат гирифт. 

Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар соли 2014 таъсис дода шудааст. 19-22 декабри 2015 ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт сафари расмӣ анҷом дод.

То кунун се ҷаласаи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар (27 апрели 2015 дар Кувайт, 4-5 апрели 2016 дар Душанбе  ва 2  апрели 2018 дар шаҳри Ал-Кувайт) доир гардидааст.

Заминаи шартномавию ҳуқуқӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро 23 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад.

11 - 13 ноябри 2019 сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Давлати Кувайт баргузор гардид. Дар остонаи сафари музкур Форуми сармоягузории “Фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва муаррифии зарфият ва имкониятҳои сайёҳии кишвар баргузор гардид.

16 июли 2021 дар Тошканд вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Ҳамбастагии минтақавӣ – чолишҳо ва имкониятҳо” бо вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Носир Ал-Муҳаммад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  мулоқот намуд.

20 ноябри соли 2018 дар театри ба номи Абдулҳусайн Абдуризои Давлати Кувайт Шоми фарҳангии Тоҷикистон бо иштироки ҳунармандони тоҷик зери роҳбарии муовини якуми вазири фарҳанг Ибодулло Машрабов баргузор шуд.

13-19 октябри соли 2019 Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

7 декабри 2021 дар Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудири кулли Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб Марван Абдуллоҳ Ал - Ғонимро ба ҳузур пазируфтанд.

30 июни соли 2023 муовини Сарвазир ва вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд Ал-Аҳмад Ас-Сабоҳ ба Тоҷикистон сафар карда, бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот дошт.

Ноябр, 2023

Нигористон

Тақвим