25 январи соли 2016 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Ҳидает Бишчевич баргузор гардид.
Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳо, аз қабили равандҳои муҳимми ҳамкории дуҷониба, омадагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, амнияти Осиёи Марказӣ, мавзӯҳои мубрами минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.