25 январи соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпур ва ҳайати ҳамроҳи ӯро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози суҳбат С.Аслов дипломатҳои Эронро ба муносибати рафъи таҳримҳо ва иҷрои тавофуқоти Барномаи ҷомеи иқдомоти муштарак дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон табрик гуфт. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки ин руйдоди таърихӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Эрон такони нав мебахшад ва нақши созанда ва масъулияти ин кишварро дар умури байналмилалию минтақавӣ боло хоҳад бурд.
Дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд. Бар зарурати афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ва тавсеаи сармоягузориҳои муштарак дар арсаҳои энергетика, зерсохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ ва саноат таъкид гардид. Дар ин росто ҷонибҳо тақвияти кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангиро муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ҷиҳати мубориза алайҳи чолишу хатарҳои амнияти минтақавию байналмилалӣ бар зарурати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид шуд.
Ҳамчунин дар атрофи дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.
