Мулоқот бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея

29.01.2016 14:33

29 январи соли 2016 бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йом Ки Ёнг мулоқоти корӣ баргузор шуд.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои иҷрои минбаъдаи тавофуқоте, ки дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ моҳи апрели соли 2015 дар Тэгу ҳосил шуданд ва баргузор намудани чорабниҳои муштарак дар соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати тавсеа ва таҳкими робитаҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин дар атрофи дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ табодули назар сурат гирифт.  

Ба ҷониби Корея барои расонидани кумакҳои фаврӣ ҷиҳати бартарафсозии пайомадҳои офатҳои табиӣ дар ВМКБ ва дигар манотиқи Тоҷикистон изҳори сипос карда шуд.

Нигористон

Тақвим