Мулоқот бо сафири Чин дар Тоҷикистон

17.04.2023 14:20

I17,04,2023,14,26.jpg

14 апрели соли  2023 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин доир гардид.

Зимни мулоқот сатҳи кунунии равобити сиёсиву иқтисодӣ ва таҳкиму тавсеаи васеи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуда, ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкорӣ баҳри тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба иброз карданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим