26 апрели соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Дафтари кор бо Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Луро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА-ро дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, тандурустӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.