Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  ба Чин

26.04.2023 15:55

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бино ба даъвати узви Шурои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Мардумии  Чин Чин Ган ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва  иштирок дар IV-умин Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии чорчӯби “Осиёи Марказӣ-Чин” аз 24 то-27 апрели 2023 дар Чин  қарор дорад.

Дар доираи ин сафари расмӣ С.Муҳриддин дар шаҳри Пекин 24-25 апрел бо роҳбарияти Вазорати тиҷорат, Вазорати об ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди Чин мулоқотҳо анҷом дод.

26 апрел Вазири корҳои хориҷӣ дар IV-умин вохӯрии вазирони корҳои хориҷии сиғаи “Осиёи Марказӣ-Чин” дар шаҳри Сиан иштирок намуда, бо ҳамтои чинияш Чин Ган вохӯрӣ намуд.

 

Нигористон

Тақвим