25 апрели соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Мардумии Чин Тян Суебин мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои об ва гидроэнергетикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ба тақвияти баъдии ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби СММ, СҲШ дар масъалаҳои глобалии об, тағйирёбии иқлим, рушди энергияи сабз таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.