10-12 майи соли 2023 сафари кории сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Финляндия Маҳмадшариф Ҳақдод ба шаҳри Ҳелсинки ҷиҳати иштирок дар «Шоми дипломатӣ» аз номи Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Ниинистё сурат гирифт ва дар рафти он баррасии масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар баргузор гардид.
Зимни шоми дипломатӣ байни Президенти Финландия ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии дар он кишвар аккредитатсияшуда доир ба рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷониба табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон дар доираи сафари зикршуда вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷии Финландия доир шуд, ки дар раванди он ҷонибҳо масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва дурнамои ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Финляндияро муҳокима намуда, перомуни равобити ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор карданд.
Дар фарҷоми суҳбат омодагӣ ва рағбати ҷонибҳо ба густариши бештари ҳамкории ду кишвар дар самтҳои мутақобилан судманд изҳор гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan