Мулоқот бо муовини вазири иқтисоди Эрон

19.07.2023 14:01

18 июли соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири иқтисод - раиси Созмони сармоягузорӣ, кӯмакҳои иқтисодӣ ва фаннии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Фикрӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сармоягузориву тиҷорат, инчунин ташкили Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва нишасти навбатии Кумитаи муштараки сармоягузории миёни ду кишварро баррасӣ намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим