1 сентябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиёнро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дурнамои рушди равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон табодули назар намуданд.
Вазир сафири тозатаъйинро бо оғози фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон таҳният гуфта, изҳори итминон намуд, ки ӯ ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба мусоидати фаъол хоҳад кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan