Муносибатҳои дуҷониба бо Арабистони Саудӣ

31.01.2024 10:11

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 11-уми январи 1992 Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. 22-юми феврали 1992 робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барқарор гардиданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Риёз моҳи сентябри 2008 ва Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе соли 2010  ифтитоҳ ёфт.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ (31.08.2020) ва сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон (01.07.2021) таъйин шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд маротиба бо сафарҳои расмӣ ва корӣ (солҳои 1997, 2001, 2005, 2016, 2017, 2023 ва 2024) ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар намуданд, ки дар раванди рушди муносибатҳои дуҷониба нақши калидӣ ва таъсиргузор доранд. Дар рафти ин сафарҳо мулоқоту музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Подшоҳ ва Валиаҳди Арабистони Саудӣ, ҳамчунин дигар шахсони воломақоми он кишвар доир гардиданд.

Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ яке аз абзорҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвар маҳсуб мегардад. Дар ин замина 24-26-уми майи соли 2016 Раиси Маҷлиси Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Сафари ҷавобии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Риёз 21-уми январи соли 2017 доир гардид. 26-30-уми июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе бори аввал ҷаласаҳои Кумитаи дӯстии байнипарлумонии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон барпо шуд.

Дар мавриди тамосҳои сатҳи баланди сиёсӣ ишора намудан ба сафари расмии собиқ вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ шоҳзода Сауд Ал-Файсал ба Тоҷикистон дар соли 1992, боздиди вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Риёз соли 2007, сафарҳои расмиву кории вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ба Арабистони Саудӣ дар солҳои 2014 ва 2022, сафари вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд ба Душанбе дар соли 2022 бамаврид аст.

Дар густаришу тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ аҳаммияти хосса дорад. То имрӯз чор ҷаласаи Комиссияи мазкур (ҷаласаи якум 28-29-уми августи соли 2013 дар Душанбе,  ҷаласаи дуюм 1-4-уми апрели соли 2018 дар Риёз, ҷаласаи сеюм 23-24-уми декабри соли 2022 дар  Душанбе ва ҷаласаи чорум 26-27-уми ноябри 2024 дар Риёз) барпо гардидаанд. Дар ҳошияи ҷаласаҳои Комиссия санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, форумҳои тиҷоративу иқтисодӣ танзим карда шуданд.

Робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва маърифатӣ омили муҳимми тақвияти ҳамкориҳо ба ҳисоб мераванд. 5-9-уми майи соли 2018 Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

 

04.03.2025

Нигористон

Тақвим