Муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

31.07.2024 10:01

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 13-уми декабри соли 1994 барқарор гардиданд. Моҳи ноябри соли 2012 Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа боз гардиданд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Маҳмадалӣ Нурмурод Муродалӣ мебошад.

Сафири фавқулода ва мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборак ибни Абдулраҳмон Муборак Ан-Наср аст.

Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 6-7-уми майи соли 2007 саҳифаи нав боз кард ва ба рушди босуръати минбаъда замина гузошт.

Сафари расмии ҷавобии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2007 сурат гирифт, ки он аввалин сафари роҳбари як давлати арабӣ ба Тоҷикистон буд.

Баргузории сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 5-7-уми феврали соли 2017 бо даъвати Амири Давлати Қатар Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва музокироти сатҳи олӣ дар Давҳа ба раванди тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Бо дастури роҳбарони олии ду кишвар байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ абзори машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи вазирон, муовинони вазир ва роҳбарони раёсатҳо ташкил шуд.

14-15-уми июни соли 2019 Амири Давлати Қатар Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба шаҳри Душанбе ҷиҳати иштирок дар Саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо сафари корӣ ташриф овард. Дар ҳошияи ҳамоиши мазкур рӯзи 15-уми июн Амир бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд.

8-уми июни соли 2023 сафари давлатии Амири Давлати Қатар Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳошияи ин сафар 15 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ба имзо расид.

21-22-уми январи соли 2024 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар сурат гирифт.

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар байни ниҳодҳои ду кишвар 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

2-юми октябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ” ба шаҳри Давҳаи Давлати Қатар сафари корӣ анҷом доданд.

Дар таърихи муносибатҳои машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 3 нишаст:  24-уми октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе, 26-уми январи 2020 дар шаҳри Давҳа ва 5-уми майи соли 2023 дар Душанбе таҳти роҳбарии муовинони аввали вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардид.

Заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатарро 42 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад.

Давлати Қатар аввалин кишвари арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Ширкати қатарии “Диёр” дар пойтахти Тоҷикистон лоиҳаи сармоягузории “Диёри Душанбе”-ро татбиқ менамояд. То ин вақт марҳилаи якуми лоиҳаи мазкур ба анҷом расидааст.

Байни ду кишвар Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ амал мекунад, ки ҷаласаҳои он моҳи октябри соли 2012 дар Душанбе, 30 январ - 3 феврал соли 2016 дар Давҳа, 30-31 августи соли 2018 дар Душанбе ва 27-28 сентябри соли 2023 дар Давҳа баргузор шудаанд.

03.03.2025

Нигористон

Тақвим