Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси генералии ЮНЕСКО

11.11.2023 11:27

 

Имрӯзҳо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 42-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж иштирок дорад.

Ҳамоиши мазкур 7 ноябри соли 2023 оғоз гардида, то 22 ноябри соли 2023 идома хоҳад ёфт. Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур ва чорабиниҳои канории он сарони давлату ҳукуматҳо ва дигар намояндагони баландмақоми кишварҳои ҷаҳон ширкат меварзанд.

Дар рӯзи аввал, ҷаласа аз ҷониби Президенти иҷлоси 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ифтитоҳ гардида, дар оғози он Президенти Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва мудири кулли ЮНЕСКО суханронӣ карданд. Сипас, интихоботи Президенти 42-юми иҷлоси Конфронси генералӣ доир карда шуд. Дар рафти ҷаласа ҳисоботи мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле дар бораи фаъолияти Созмон дар солҳои 2018-2021 шунида шуд. Дар охири рӯзи якум лоиҳаи барнома ва буҷети ЮНЕСКО барои солҳои 2024-2025 ва 2026-2029 баррасӣ ва қабул гардиданд.

8 ноябри соли 2023 мудири кулли ЮНЕСКО ба мубоҳисаҳои умумии сиёсӣ ҷиҳати ироаи суханрониҳои роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узв ҳусни ифтитоҳ бахшид.

10 ноябри соли 2023, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ин мубоҳисаҳо суханронӣ намуд. Зимни суханронии хеш вазири корҳои хориҷӣ Тоҷикистон оид ба саҳми сазовори тоҷикон дар рушди илму маърифат ва тамаддуни ҷаҳонӣ маълумот дод. Таъкид гардид, ки заминагузорони ганҷинаи маънавию зеҳнии бениҳоят арзишманд олимону файласуфон, шоирону нависандагон ва мутафаккирони тоҷик, ба мисли устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ ва Абӯалӣ Сино буданд, ки осори нотакрори онҳо то ҳанӯз аз василаҳои амалкунандаи илмию фарҳангии тамаддуни ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Қайд гардид, ки мардуми тоҷик аз қадим то ба имрӯз бо арҷгузорӣ ба расму оинҳо ва дигар арзишҳои миллии хеш, ки вежагиҳои фаромиллӣ низ доранд, барои эҳё ва ғанӣ гардонидани онҳо пайваста саъю талош мекунад.

Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО иброз дошт, ки дар соли 2023 аз замони оғози равобити дуҷонибаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО 30 сол сипарӣ шуд. Дар тӯли ин давра Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ЮНЕСКО, муаллиф ва ҳаммуалифи чандин тарҳҳои гуногуни ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф ва фарҳанг гардида, дар ҳифзу тарғиби мероси фарҳангӣ ва табиии ҷаҳон саҳми муассири худро гузоштааст. Барои мисол, С.Муҳриддин шомил гардидани мавзеи табиии “Боғи миллии Тоҷикистон”, шаҳри бостонии Саразм ва чанде пеш Мамнуъгоҳи давлатии “Бешаи Палангон”-и Тоҷикистон ва “Роҳи абрешим - долони Зарафшон-Қароқум”-ро ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО зикр кард.

Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди нақши фаъоли кишвар дар ҷодаи пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар доираи низоми Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла оид ба ташаббусҳои Пешвои миллат вобаста ба ҳифзи пиряхҳо изҳори ақида намуд.

Дар фарҷоми суханронӣ вазири корҳои хориҷӣ аз вазъи мураккаб ва фалокатбор дар Афғонистону Фаластин изҳори нигаронӣ карда, бори дигар муроҷиати Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи ҳарчӣ зудтар расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми азияткашидаи ин ду кишвар ва даъват ба оташбаси фаврӣ дар Фаластин барои дарёфти роҳҳалҳои низоъ тариқи гуфтушунидҳо иброз дошт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим