19 ноябри соли 2023 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони муқими Миср ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ зимни суханронии табрикӣ ба ҳозирин доир ба таърихи гузаштаю муосири миллати тоҷик, аҳамияти ҳифзи давлату давлатдории навини тоҷикон ва нақши тақдирсози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи Тоҷикистони навин ҳикоят намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan