Баргузор гардидани ҷашнҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Туркия

21.11.2023 13:27

19 ноябри соли 2023 дар доираи сафари кории сафир дар вилояти Мерсин рӯзҳои Конститутсия, Президент ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватанони муқим баргузор гардид.

Зимни суханронии худ сафир оид ба аҳамияти таҷлили ин ҷашнҳо ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият сухан гуфта, инчунин оиди нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, пойдории ваҳдати миллӣ, субот ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим