Муносибатҳои Тоҷикистон бо Чехия

18.01.2024 11:10

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Чехия

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия  5 июни соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Тошканд) ҷаноби Лубомир Фреборт мебошад.

Аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ дар муносибатҳои ҳарду кишвар боздидҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Чехия дар солҳои 2002, 2004 ва 2016 мебошад, ки ба муносибатҳои ду кишвар такони тоза бахшиданд.

Соли 2014 дар чаҳорчӯби сафари корӣ ба шаҳри Сочӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Чехия ҷаноби Милош Земан баргузор гашт.

Соли 2014 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия ҷаноби Милош Земан ба Тоҷикистон сурат гирифт.

Соли 2016 дар Прага аввалин ҷаласаи гурӯҳи кории доимии байниидоравии Тоҷикистон ва Чехия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва саноатӣ баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия машваратҳои сиёсӣ ва Гурӯҳи кории доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатиро ба сифати абзори муҳим барои тақвияти муносибатҳои фарогир истифода мебаранд.    

Заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Чехияро 13 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, илму техника, тандурустӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ташкил менамояд.

Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чехия дар соли 2022 5,3 миллион доллари ШМА-ро ташкил дод.

Ноябри, 2023

Нигористон

Тақвим