30 ноябри соли 2023 cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов зимни сафари корӣ ба вилояти Измир бо Волии вилоят Сулейман Элбан мулоқот анҷом намуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳо, аз ҷумла дар самти иқтисодию тиҷоратӣ, рушди робитаҳои байниминтақавӣ, тақвияти ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи сайёҳиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan