Ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО

12.01.2024 14:52

12 январи соли 2024 дар Вазорати корҳои хориҷӣ таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи навбатии Раёсати Комиссияи миллӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Комиссия дар соли 2023 шунида шуд ва Нақшаи корӣ барои соли 2024 баррасӣ гардид. Зимни ҷаласа инчунин оид ба масъалаҳои фаъолияти Комиссияи миллӣ намояндагони вазорату идораҳои кишвар суханронӣ намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим