3 майи соли 2016 дар ш. Ереван маросими супоридани эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Арманистон бо иқомат дар Москва Имомуддин Сатторов ба Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Арманистон ба Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири иҷрои вазифаҳои масъулиятноки дипломатӣ муваффақият орзу намуд. Президенти Арманистон қайд намуд, ки барои рушд ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба имкониятҳои васеъ мавҷуданд, ки онҳо ба пуррагӣ истифода намешаванд ва изҳори умед намуд, ки таъиноти Сафир ба ин раванд нафаси тоза хоҳад бахшид.
Инчунин ҷонибҳо дурнамои рушди муносибаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва гуманитарӣ, ҳамзамон ҳамкории фаъол дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон арз намуд, ки барои рушд ва тавсеаи босамари муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳо ва халқҳои дӯст тамоми кушишҳоро ба харҷ хоҳад дод.

