Сафари кории роҳбари намояндагӣ ба вилояти Эскишеҳир

29.01.2024 14:33

29,01,2024,14,35.jpeg

26 январ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия А. Гулов ба вилояти Эскишеҳир сафари корӣ анҷом дод. Дар рафти сафар номбурда бо волии Эскишеҳир Ҳусейн Аксой мулоқот доир намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди муҳокима қарор доданд.

Бо истифода аз фурсат, сафир оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии кишвар маълумот манзур карда, аз волӣ даъват намуд, ки бо соҳибкорони вилоят ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим