ИМОМӢ СОДИҚ АШУРБОЙЗОДА
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 июли соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Рутбаи дипломатиии фиристодаи фавқулода ва мухтори дараҷаи I дорад.
Маълумот:
Солҳои 1984-1991 – хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ш.Душанбе, ихтисос: ҳуқуқшинос;
Фаъолияти меҳнатӣ:
Солҳои 1986-1988 – хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС;
Солҳои 1991-1993 – муфаттиш, ёрдамчии калони прокурор, н.Рудакӣ;
Солҳои 1993-1995 – котиби якуми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
Солҳои 1995-1997 – мудири шуъба, муовини сардори раёсати созмонҳои байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
Солҳои 1997-2002 – сардори раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
Солҳои 2002-2011 – мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ;
Солҳои 2011-2014 – консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Уфа, Федератсияи Русия;
Солҳои 2014-2016 – сардори раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
Солҳои 2016-2021 – сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ш.Тошканд;
Солҳои 2020-2021 – ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Исроил, ш.Тошканд;
Аз 27 апрели соли 2021 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №135 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.