13 майи соли 2016 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо Муовини Раиси Ҷамъияти халқии Чин оид ба равобити дӯстона ҷаноби Сун Тсинсу вохӯрӣ намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳо байни ҷамъиятҳои ҳамақоми ду кишвар ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯ намуданд.
