Муовини вазир нусхаи эътимодномаи cафири Ҷумҳурии Сиерра-Леонеро қабул кард

14.03.2024 15:09

14 марти соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Сиерра-Леоне дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш. Москва) Муҳаммад Йонгаворо ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири навтаъйини Ҷумҳурии Сиерра-Леонеро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо таманно кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим