Мулоқот бо вазири давлатии корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

04.04.2024 10:21

04.04.2024.10.19.jpeg

3 апрели соли 2024 дар Риёз мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо вазири давлатии корҳои хориҷӣ, узви Шӯрои вазирон, фиристодаи Арабистони Саудӣ дар умури иқлим Одил Ал-Ҷубайр баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудиро баррасӣ намуда, инчунин роҷеъ ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим