24 апрели cоли 2024 дар Риёз мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ар-Рассӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот дар бораи раванди тадорукот ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, маълумот ироа гардид.
Ҷонибҳо инчунин атрофи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan