29 апрели соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин муовини котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Адам Штифтерро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Маҷористон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, маориф, инчунин дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши бештари равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Маҷористон дар ҳамаи заминаҳо дар руҳияи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум таъкид карданд.
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan