3 майи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Рушайдонро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози вохӯрӣ сафири Арабистони Саудӣ номаи Валиаҳд, Раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Волоҳазрат Муҳаммад ибни Салмон Оли Саудро ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорид.
Зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, инчунин ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan