Мулоқоти вазир бо сафири Русия

06.06.2024 16:42

06.06.2024.16.43.jpg

6 июни соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григоревро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо раванди татбиқи тавофуқотҳои зимни мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия 9 майи соли 2024 ҳосилшударо баррасӣ карданд.

Ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкории Тоҷикистону Русия табодули афкор сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим