7 июни соли 2024 бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж, Фаронса Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ расман кушода эълон гардид.
Маросими тантанавиро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҳусни оғоз бахшид.
Ҳадаф аз баргузории конфронс пос доштани хотири мутафаккир ва шоири оламшумули тоҷик Мавлоно Балхӣ ва эътирофи саҳми безаволи ӯ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ буда, дар он олимону донишмандонро аз тамоми гӯшаи канори олам гирди ҳам омадаанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan