28-уми июни соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доктор Муҳаммад ибни Абдулазиз Ал-Ҷарбо вохӯрӣ намуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба дастовардҳои 30 соли равобити дипломатии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ таъкид намуда, нақши робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумониро дар рушди муносибатҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамчунин масъалаҳои тақвияти кори Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ду кишвар, табодули сафар ва таҷриба, мусоидат дар густариши ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan