11 августи соли 2024 дар толори Фирдавсии Хонаи андешмандони улуми инсонии Эрон бо ибтикори маҷаллаи маъруфи “Бухоро” ва Сафорати Тоҷикистон дар Эрон нишасти фарҳангии “Шаби Абулқосими Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ аҳли адаб, ҳаводорони осори Абулқосими Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ ва намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ширкат варзиданд.
Нишасти мазкурро Алии Деҳбошӣ – сардабири маҷаллаи “Бухоро” ифтитоҳ намуда, дар бораи собиқаи нашри мероси устодон Абулқосими Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ суханронӣ кард.
Дар идома донишмандони Эрон Алиашрафи Шабистарӣ, Масъуди Ирфониён, Ораши Эронпур, Муҳсини Фараҳбар, Гударз Раштиён, Лодин Алампур ҳамчунин муҳаққиқи тоҷик Абдулхолиқи Набавӣ (маҷозӣ) дар бораи нақшу ҷойгоҳи Абулқосими Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ дар рушди адабиёти тоҷик ва ҳифзи забони тоҷикӣ (форсӣ) дар Тоҷикистон ибрози назар намуданд.
Дар нишасти мазкур ҳамчунин китоби “Номаҳои Абдулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ”, ки аз ҷониби пажуҳишгари эронӣ Муҳсини Фараҳбар ба хаттӣ форсӣ баргардонида шуд ва тавассути интишороти “Шероза”-и Эрон ба чоп расид, рӯнамоӣ гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan