Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин дар Анҷумани 31-уми иқтисодӣ-муҳитизистии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки 12-13 сентябри соли 2024 дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия баргузор мегардад, ширкат меварзад.
Нишасти мазкур ба баррасии масоили мавриди таваҷҷуҳи соҳаи тағйирёбии иқлим бахшида шуда, дар рафти он табодули афкори ҳайатҳои кишварҳои иштирокдор роҷеъ ба мавзуъ сурат мегирад.
И. Насредин зимни суханронии худ бо тамаркуз ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ташаббусҳои Ҳукумати кишварро дар масоили об ва иқлим, махсусан эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва рӯзи 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муаррифӣ намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan