13 сентябри соли 2024 дар ҳошияи Анҷумани 31-уми иктисодӣ-муҳитизистии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Прага чорабинии канории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Роҳбарии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии марбут ба мудирияти об барои рушди устувор дар шароити тағйирёбии иқлим” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагони кишварҳои ширкаткунандаи САҲА, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва олимону коршиносони соҳа иштирок карданд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин роҷеъ ба нақши Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим, аз ҷумла натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 (Душанбе, 10-13 июни 2024), қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ “Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034” суханронӣ намуд.
И. Насредин тавсеаи ҳамкории кишварҳои ширкаткунандаи САҲА-ро дар пешгирӣ ва рафъи хатару чолишҳои марбут ба обу иқлим, таҳияву татбиқи абзорҳои муштарак, ҳамчунин ироаи кӯмакҳои молиявӣ ва фаннӣ ба кишварҳои осебпазир муҳим арзёбӣ кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan