Мусоҳибаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар рӯзномаи Ҷумҳурият

05.08.2016 19:01

Мусоҳибаи ихтисосии Додоҷон Рӯзиев, сардори шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият», бо Сироҷидин Аслов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

- Муҳтарам Сироҷидин Аслов, табиист, ки дар татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол Вазорати корҳои хориҷӣ мақоми пешоҳангӣ ва нақши калидӣ дорад. Ҳоло ки мо дар арафаи таҷлили 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, перомуни кадом дастовардҳои сиёсати хориҷӣ метавон ҳарф зад?

- Cиёсати хориҷии Тоҷикистон ба маънои томаш зодаи даврони истиқлолият аст, ки муассису тарроҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Барқарории равобит бо ҷаҳони хориҷӣ ва шиносондани Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил дар арсаи байналмилалӣ яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали истиқлолият буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли  1993 нахустинбор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии  сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти  ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади  хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои  сиёсати  дохилӣ  ва  хориҷии  худро  бунёд намуда,  эълон кард, ки инсон ва ҳифзи  ҳуқуқу озодиҳои онро,  сарфи  назар  аз  мансубияти  миллӣ,  мазҳабӣ,  нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 25 соли истиқлолияти хеш тавонист, ки бо барқарор намудани муносибатҳои судманд бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳала ба марҳала мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардонад. Имрӯз Тоҷикистон робитаҳои байналмилалии худро дар ҳавзаҳои мухталиф, ба монанди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Осиёи Марказӣ, Осиё, Ховари Миёна ва Аврупову Амрико бо пайгирӣ аз сиёсати «дарҳои кушода» муваффақона пеш мебарад.

Боиси хушнудист, ки 14 июни соли ҷорӣ, пас аз талошҳои муваффақона, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) интихоб гардид. Ин як дастоварди дигари сиёсати хориҷӣ, нишонаи обрӯ ва эътибори кишвар ва роҳбарияти олии он дар назди созмонҳои байналмилалист.

- Мехостам суҳбатро атрофи ҳамин тозатарин дастоварди байналмилалии кишварамон идома диҳем. Лутфан, каме дар бораи ЭКОСОК маълумот диҳед ва бигӯед, ки узвият дар ин созмони бонуфуз барои мо чӣ аҳамият дорад?

- Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ яке аз шаш ташкилоти асосии Созмони Милали Муттаҳид ба шумор рафта, аз соли 1945 дар асоси Низомномаи СММ фаъолият мекунад. ЭКОСОК майдони аслии СММ барои матраҳ намудани андешаҳои инноватсионӣ дар соҳаи рушди устувор ва баҳс перомуни онҳост.  Шӯро муваззаф аст, ки ҳангоми пеш омадани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти инсонӣ ҷаласаҳои махсусе барои баррасии онҳо доир намояд. Беш аз 70 дарсади захираҳои инсонӣ ва молии ҳамаи сохторҳои СММ дар ихтиёри ҳамин шӯро гузошта шудааст, то уҳдадориҳои худро иҷро намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоиро минбари асосии  байналмилалӣ барои баҳс дар атрофи масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дониста, хоҳони тақвияти нақши ин созмон дар ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо барои ҳалли масоили фавқуззикр, инчунин  расидан ба ҳамбастагии мутавозини се бахши рушди устувор мебошад.

- Тавре ишора кардед, пас аз барқарории сулҳу субот дар кишвар ва оғози давраи ҷадид дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, равиши сиёсати дарҳои боз аз тарафи роҳбарияти олии мамлакат матраҳ гардид. Мехостам бигӯед, ки ин сиёсат то имрӯз чӣ самар додааст?

- Сиёсати «дарҳои кушода» меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Эълони ин навъ сиёсат ҳамзамон бо қабули Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки асосҳои равобити байналмилалии кишварамонро дар давраи нави баъди барқарории сулҳу субот муайян кард. Дар ҳақиқат даҳаи аввали истиқлолият дар Тоҷикистон асосан дар роҳи ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ сипарӣ шуд. Бо гузаштан аз ин марҳала Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои олам кушод. Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муайянкунандаи сиёсати хориҷӣ бо эълони сиёсати «дарҳои кушода» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд, ки ин сиёсат имрӯз низ бомуваффақият идома дорад.

Дар оғоз баъзе сиёсатмадорон бар ин андеша буданд, ки дар шароити баъдиҷангӣ шояд сиёсати «дарҳои кушода» барои Тоҷикистон чандон мувофиқ набошад ва беҳтар аст, ки ба хотири ҳифзи суботу амният ва пешгирии дахолати бегонагон то чанд муддат кишвар каме баста боқӣ бимонад. Аммо Эмомалӣ  Раҳмон, ки вазъи дохилӣ ва авзои ҷаҳониро беҳтар аз ҳар каси дигар медонист, дар ин мавқеъ устувор монд ва сиёсати «дарҳои кушода» - ро идома дод.   

Бо гузашти солҳо собит шуд, ки барои Тоҷикистон, ба далели ҷойгир шуданаш дар яке аз минтақаҳои мураккаби олам,  сиёсати «дарҳои кушода» беҳтарин равиш барои пешбурди фаъолият дар самти сиёсати хориҷист. Ин сиёсат ба маънои эъломи омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо тамоми давлатҳои ҷаҳон бар асоси баробарӣ ва манфиатҳои дуҷониба аст. Имрӯзҳо мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷанбаро дар арсаҳои гуногун мебинем ва кишварҳои минтақа низ мантиқи сиёсати «дарҳои кушода» - ро эътироф мекунанду қобили пайравӣ медонанд. Зеро ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мавқеияти худро қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хоси дипломатияи худ, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд.

- Дар сиёсати хориҷии мо Афғонистон ҷойгоҳи махсус дорад. Президенти кишвар борҳо ин нуктаро таъкид кардаанд, ки суботи Афғонистон ин суботи минтақа аст. Аз ин нуқтаи назар, дурнамои ҳалли мушкилоти Афғонистонро чӣ гуна пешбинӣ кардан мумкин аст ва дар кадом сурат метавон ба ояндаи босуботи ин кишвар умед баст?

- Робитаҳое, ки байни ду кишвар барқарор шудаанд, мисли арзишҳои муштараки мо шикастнопазиранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам аз минбарҳои баланди дохилию хориҷӣ мавзӯи таъмини амнияту суботи комилро дар Афғонистон ва инчунин аҳамияти тавсеаи мусоидатҳои матлуби минтақавию ҷаҳониро барои эҳёи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар таъкид менамоянд.

Дар марҳалаи ҳассоси имрӯза, бахусус фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро, аз ҷумла «Давлати исломӣ» дар Афғонистон ҳамкории васеъ ва амалии кишварҳоямон амри зарурист. Мо нақши калидии кишвари ҳамсояро дар таъмини амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хуб дарк намуда, аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва минтақа пуштибонӣ мекунем. Вале, бояд донист, ки ояндаи ин кишвар дар дасти худи мардуми он аст.

Бояд раванди музокирот дар Афғонистон бо ҷиддияти том пайгирӣ шавад ва ҳамзамон неруҳои интизомиву амниятии он аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди пуштибонии молию низомӣ қарор гиранд. Кишварҳои ҷаҳон бояд, билохира, ин воқеиятро қабул намоянд, ки мардуми шарифи Афғонистон тайи чор даҳа қурбонии манфиатхоҳии абарқудратҳо гардидаанду ҳақ доранд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ба онҳо дар таъмини сулҳ кумак намояд. Ин, пеш аз ҳама, вазифа ва масъулияти ҷаҳони имрӯза дар қиболи ин кишвар аст. Бояд ҳама бидонем, ки аз ин беш идома ёфтани нооромӣ дар Афғонистон тамоми минтақа ва ҳатто шояд ҷаҳонро бо мушкилоти ҷиддие  рӯ ба  рӯ намояд. Набояд гузошт, то гурӯҳҳои ифротӣ бо суистифода аз вазъи ноороми кишвари ҳамсояи мо минтақаҳое аз онро ба майдони ташкил ва парвариши фикриву ҷисмии неруҳои ифротӣ барои саросари олам табдил диҳанд.

- Саволи навбатии мо ба иштироки Шумо дар вохӯрии Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об (21 апрели соли равон, Ню-Йорк), ки Президенти мамлакатамон ба он шомил мебошад, рабт мегирад. Дар ин вохӯрӣ кадом масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд?

- Тоҷикистон тайи даҳсолаҳои охир ба ҳайси кишвари пешбари масъалаҳои ҷаҳонии об шинохта шудааст.  Қобили тазаккур аст, ки амри муҳим ва таърихие, ки ба иқдомоти кишвар дар соҳаи мудирияти захираҳои об дар сатҳи байналмилалӣ оғоз бахшид, роҳандозии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003»  ва қабули қатъномаи Маҷмаи умумии СММ роҷеъ ба ин мавзӯъ мебошад. Силсилаиқдомҳои минбаъдаи Тоҷикистон дар ин раванд, аз қабили эълони Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013»  идомаи ширкати фаъолонаи кишвар дар татбиқи «Рӯзномаи об» - и Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мешаванд.

Бо мақсади идомаи талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба обу беҳдошт ва рафъи камбудиҳо дар раванди татбиқи Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», Президенти кишвар зимни ширкат дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об, моҳи апрели соли 2015, дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея таваҷҷуҳи ҳозиронро ба ташаббуси нави Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» ҷалб намуд.  Илова бар ин, Сарвари давлати Тоҷикистон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», ки 9 - 11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ташаббуси мазкурро бори дигар эълом дошта, ҷиҳати дастгирии ин иқдом аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал овард.

Иҷлосияе, ки ин ҷо ёдрас намудед, 21 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Ню - Йорк бо иштироки Дабири кулли СММ, президенти Бонки ҷаҳонӣ ва намояндагони вижаи кишварҳои узви Панели сатҳи баланд - Австралия, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Бангладеш, Мавритания, Мексика, Маҷористон, Нидерланд, Сенегал, Тоҷикистон ва Урдун баргузор гардид. Зимни ин иҷлосия масъалаҳои нархгузорӣ, сифат, арзиши об, норасоии он, ҳуқуқи инсон ба оби ошомиданӣ, нақши занон дар мудирияти захираҳои об, инчунин мавзӯи маблағгузории лоиҳаву барномаҳо дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин вохӯрӣ, инчунин, механизми ҷаласаҳо ва вохӯриҳои минбаъдаи Панели сатҳи баланд ва ҳамоҳангсозӣ бо дигар сохторҳо ва ташаббусҳо дар соҳаи обу беҳдошт баррасӣ шуданд.

- Саволи охир дар робита ба Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он аст, ки 9 август дар шаҳри Душанбе ба кори худ шурӯъ мекунад. Дар ин ҳамоиш кадом масъалаҳо матраҳ мешаванд? Ҳадафи аслии симпозиум аз чӣ иборат аст?

- Ин ҳамоиши байналмилалӣ, ки таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария» 9 - 11 август дар пойтахти мамлакатамон - шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бо ибтикори муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN-DESA) роҳандозӣ  шудааст. Дар он намояндагони ҳукуматҳо ва роҳбароне, ки дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ метавонанд қарор қабул кунанд, коршиносон аз ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, намояндагони доираҳои академӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат хоҳанд кард. Дар рафти ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба  зарфиятҳои ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ, дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария ва пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмилалӣ дар соҳаи об баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳадафи аслии ҳамоиш дарёфти роҳҳои  иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он, ҳамчунин фароҳам овардани замина барои Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор»  аст, ки аз ҷониби Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Роҳҳои татбиқи ин ҳадафҳо тариқи ҳашт ҷаласаи мавзӯӣ баррасӣ шуда, дар ҳуҷҷати ниҳоии симпозиум инъикос хоҳад ёфт. Ин ҳуҷҷати ниҳоӣ зимни гузориши мухтасар аз натиҷаҳои ҳамоиш дар қароргоҳи СММ моҳи сентябри соли ҷорӣ ба кулли кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ хоҳад шуд.

03.08.2016 №155

Нигористон

Тақвим