18 сентябри соли 2024 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо муовини Сарвазир ва вазири рушди деҳот ва минтақаҳои Малайзия Дато Сери Доктор Аҳмад Захид Ҳамидӣ мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва имкониятҳои тақвияти ҳамкории байни ду кишвар баррасӣ шуд.
Илова бар ин, ҷонибҳо роҷеъ ба имкониятҳои танзими сафарҳои расмии сатҳи баланд ҷиҳати таҳкими минбаъдаи равобити дипломатӣ ва густариши ҳамкориҳои судманд байни ду кишвар табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan