22 сентябри соли 2024 дар Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон бо иштироки ҳамватанон, ки дар Эрон зиндагӣ ва фаъолият доранд, чорабинии идона бахшида ба солгарди 33-юми Истиқлолияти Тоҷикистон доир гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Эрон Н. Зоҳидӣ дар суханронии шодбошии худ Истиқлолиятро бузургтарин дастоварди миллати тоҷик номида, саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими пояҳои Истиқлолият ва ташаккули давлатдории миллӣ таъкид намуд.
Ба таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабинии идона намоиши китобҳои Пешвои миллат, осори ҳунарҳои дастии миллӣ ва намунаи ғизоҳои тоҷикӣ пешкаш гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan