27 сентябри соли 2024 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ маросими имзои Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар бораи мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ доир гардид.
Ёддошти тафоҳумро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд ба имзо расониданд.
Дар ҷараёни мулоқот вазирон ҳамчунин як қатор мавзуъҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва обу иқлимро матраҳ карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan