11 августи соли 2016 мулоқоти Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Шарифзода Юсуф бо Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмималӣ-KOICA Ким Ин Шик баргузор гашт.
Дар ҷараёни мулоқот масоили муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва тандурустӣ дар доираи барномаҳои Агентии мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.