27-28 сентябри соли 2024 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кирмоншоҳ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбарияти вилоят ва шаҳри Кирмоншоҳ, ҳамчунин бо фаъолони иқтисодии вилояти мазкури Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқотҳои ҷудогона доир намуд.
Аз ҷумла дар мулоқот бо раиси вилояти Кирмоншоҳ Муҳаммадтайиб Саҳроӣ масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва фарҳангии дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар вохӯрии сафир бо раиси шаҳри Кирмоншоҳ Нодири Наврӯзӣ масъалаи барқарории робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни Кирмоншоҳ ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон матраҳ гардид.
Дар мулоқот бо раиси Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии вилояти Кирмоншоҳ Салими Сосонӣ ва фаъолони иқтисодии вилоят муаррифии зарфият ва тавонмандиҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон сурат гирифта, ҷонибҳо алоқамандии худро барои тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои мазкур баён карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan