29 сентябри соли 2024 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Миср Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Дар маросим муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср Аҳмад Шоҳин, сафирон ва роҳбарони намояндагиҳои хориҷии муқими Миср, коршиносон, донишмандону хабарнигорон, намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, инчунин тоҷикони муқими Миср иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон Парвиз Мирзозода зимни суханронӣ аз пешрафтҳои кишвари мо дар замони Истиқлол ёд карда, ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим дар ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Сафир саҳми фарзандони миллати тоҷик Носири Хусрав, Абуалӣ Ибни Сино, Аҳмади Фарғонӣ ва дигаронро дар густариши илму адаб дар паҳнои ҷаҳони ислом, аз ҷумла Миср ёдовар шуда, муштаракоти таърихии мардумони Тоҷикистону Мисрро омили муҳим дар пайванди амиқ байни ду кишвар аз гузашта то имрӯз унвон кард.
Муовини вазири корҳои хориҷии Миср А. Шоҳин ҳам дар суханронии худ зимни табрики солгарди Истиқлол ба давлату миллати мо, Тоҷикистонро барои Миср аз зумраи кишварҳои муҳим баршумурд ва азми кишварашро барои густариши равобит бо Тоҷикистон мавриди таъкид қарор дод.
Қобили зикр аст, ки ҳамзамон бо ҷашни Истиқлол, маросими муаррифии китоби “Муносибатҳои Тоҷикистону Миср дар тӯли сӣ сол”, намоишгоҳи либосҳои миллӣ ва аксу мусаввараҳои Тоҷикистон, барномаи фарҳангӣ-ҳунарӣ бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистон, инчунин зиёфати расмӣ доир карда шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan