2 октябри соли 2024 вохӯрии cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ бо вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Солеҳӣ баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар ду кишвар, ҷашнвораҳои муштараки театрӣ ва синамоӣ, намоишгоҳҳои китоб, таҷлили муштарак аз бузургони илму адаб ва фарҳанги ду кишвар ва ғайра табодули назар карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan