Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса

24.08.2016 16:47

24 августи соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дидие Леруаро бинобар анҷомёбии маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи бадастомадаи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар изҳори қаноатманди намуданд. Зимни гуфтушунид ҳамчунин мавриди таваҷҷуҳи тарафайн самтҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ қарор гирифт.

С.Аслов аз фаъолияти самараноки Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба ӯ муваффақиятҳо орзу намуд.

Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса

Нигористон

Тақвим